Ru  | Tj
Чин роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангуртро азнавсозӣ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангуртро азнавсозӣ мекунад
Акс: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Чин роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангуртро азнавсозӣ мекунад

Нашр шуд

Корҳои таъмиру таҷдид баъди ду сол ба анҷом мерасанд.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чиноии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co.» Ма Йоунг шартномаи лоиҳаи сохтмони роҳи мазкурро ба имзо расониданд.

Мувофиқи лоиҳа корҳои навсозӣ аз ду марҳила иборат аст:

-Ҳулбук – Темурмалик 33.4км;

-Темурмалик – Кангурт 25.17км

Ба иловаи "Азия-плюс", мутобиқи лоиҳа, дар ин қитъа корҳои бунёди обу корез, 25 қубурҳои обгузар, наҳрҳои оҳану бетонӣ дар ду канори роҳ, сохтмони деворҳои муҳофизатӣ, ҳашт купрук, хатҳои уфуқӣ, гузоштани аломатҳои роҳ ва сохтмони дигар иншооти зерсохтори он ба назар гирифта шудааст.

Вазири нақлиёт пас аз имзои лоиҳа аз ҳамкории густурдаи Тоҷикистон ва Чин ёдовар шуда, боварӣ дорад, ки ширкати мазкур корҳои сохтмонии роҳро сари вақт ва босифат ба анҷом мерасонад.




Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея: Лим Ҷае Ҳён ба Тоҷикистон меояд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед