Ru  | Tj
Чор навъ тамринҳои ҳарбии соли 2021 дар Тоҷикистон мегузаранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чор навъ тамринҳои ҳарбии соли 2021 дар Тоҷикистон мегузаранд
Акс: jscsto.org

Чор навъ тамринҳои ҳарбии соли 2021 дар Тоҷикистон мегузаранд

Нашр шуд

Тоҷикистон ҳамчун аъзо ва имсол ҳамчун раиси созмони СААД дар соли 2021, нақшаи чорабиниҳои зиёде дорад. Дар видеоконфронси онлайние, ки 25 феврал миёни мақомотҳои назорат ва ташаккули қувваҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд, масъалаҳои омӯзишӣ барраси шуданд.

Дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки машқҳои ҳарбӣ барои тақвияти иқтидори мудофиаи Созмон, такмили омодагии ҷангӣ ва ғайраҳо равона карда мешаванд.

Машқҳо зери унвони “Боевой братство-2021”, “Поиск-2021, Эшелон-2021” ва “Взаимодействие-2021” мегузаранд, ки ҳар як навъи чунин тамринҳо, як самти муҳими амниятиро дар бар мегиранд.

Аъзоёни СААД Арманистон, Белорусия, Тоҷикистон, Россия, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд.

Ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба фазои сармоягузорӣ баргузор гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед