Ru  | Tj
Чор варзишгари тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи Осиё ширкат мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чор варзишгари тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи Осиё ширкат мекунанд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Чор варзишгари тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи Осиё ширкат мекунанд

Нашр шуд

Варзишгарони тоҷик дар риштаи лижаронии куҳӣ дар Бозиҳои навбатии зимистонаи Осиё дар Ҳарбини Чин иштирок хоҳанд кард.

Бозиҳои навбатии зимистонаи Осиё аз 7 феврал то 14 марти соли 2025 дар Ҳарбини Чин баргузор мешаванд. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар Бозиҳои навбатии зимистонаи Осиё варзишгарони тоҷик Икромиддин Абдуллозода, Маҳмадраҷаб Холиқов, Саидашраф Эшонов ва Маъруфҷони Миралӣ аз рӯйи намуди варзиши лижаронии куҳӣ иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Шурои олимпии Осиё тилисм, рамз ва шиори бозиҳоро тасдиқ намуд, ки он «Афсонаҳои зимистона, муҳаббат дар маркази Осиё» («Dreams of Winter, Love among Asia») унвон шудааст.

Бояд гуфт, ки шаҳри Ҳарбини Чин дар гузашта низ соли 1996 мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё шуда буд.

Гуфта мешавад, ки то кунун 34 кумитаи миллии олимпӣ, аз ҷумла Тоҷикистон барои ширкат Бозиҳои зимистонаи осиёии соли 2025, сабти ном шудаанд.

Дар тамоми таърихи Бозиҳои зимистонаи Осиё варзишгарони тоҷик то ҳол ягон медал касб накардаанд, аммо дар Бозиҳои тобистонаи Осиё варзишгарони Тоҷикистон 35 медал, аз ҷумла 6 тило доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед