Ru  | Tj
"Comfort baby": Дар Душанбе корхонаи тавлиди пӯшакҳои кӯдакона ифтитоҳ ëфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Comfort baby": Дар Душанбе корхонаи тавлиди пӯшакҳои кӯдакона ифтитоҳ ëфт
Акс: Интернет

"Comfort baby": Дар Душанбе корхонаи тавлиди пӯшакҳои кӯдакона ифтитоҳ ëфт

Нашр шуд

Имрӯз дар Душанбе корхонаи бузурги истеҳсоли пӯшакҳои кӯдакона ба баҳрабардорӣ расид.

Ба иттилои Дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, имрӯз бо ҳузури Рустами Эмомалӣ дар Душанбе як корхонаи истеҳсоли пӯшакҳои кӯдакона ифтитоҳ ёфт.

Гуфта мешавад, ин корхона бо зарфияти тавлидии 800 ҳазор дона пӯшак ë худ "памперс" дар як рӯз аз ҷониби ширкати «Афзалият групп» ва бо харҷи беш аз понздаҳ миллион сомонӣ бунëд ëфтааст.

Аз овезаҳои таблиғотие, ки акси онҳоро манбаъ нашр намудааст, маълум аст, ки маҳсулоти ин ширкат бо номи "Комфорт бейби" ба бозор мебарояд.

Манбаъ меафзояд, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ин корхона боздид кардаву бо шароитҳои тавлидии он ошно шудааст.

Зикр шуда, ки дар ин корхона 150 нафар соҳиби шуғл гардидаву таҷҳизоти истеҳсолии он аз технологияҳои итолявии ширкати Фамеканика Машинерии Ҷумҳурии Италия мебошад.

Тоҷикистон саноатикунонии кишварро ҳадафи чоруми стратегии худ ва солҳои 2021-2026-умро "Солҳои рушди саноат" эълон намудааст. Коршиносон борҳо гуфтаанд, ки дар кишвар имкони фарох барои рушди саноати сабук мавҷуд аст.


Марҳилаи бақайдгирии довталабон барои таҳсил дар макотиби олии Тоҷикистон оғоз ёфт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед