Ru  | Tj
COVID-19 дар Тоҷикистон: 28 ҳолати нави гирифторшавӣ ва 1 фавт дар рӯзи гузашта

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

COVID-19 дар Тоҷикистон: 28 ҳолати нави гирифторшавӣ ва 1 фавт дар рӯзи гузашта
Акс: Интернет

COVID-19 дар Тоҷикистон: 28 ҳолати нави гирифторшавӣ ва 1 фавт дар рӯзи гузашта

Нашр шуд

Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 28 ҳолати нави гирифторшавии сокинони кишвар ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, рӯзи гузашта як нафар аз бемории коронавирус фавтида, 19 нафар шифо ёфтаанд.

Дар маҷмӯъ, шумораи шаҳрвандони гирифтори сирояти коронавируси нави COVID-19 то 4-уми июл дар Тоҷикистон 13597 нафарро ташкил дода, аз ин шумор 13365 нафар сиҳат ёфтаанд, ки баробар ба 98,3% аст. Дар умум дар Тоҷикистон  94 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Мувофиқ ба қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID - 19 шурӯъ аз 2-юми июл ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 болост, бояд ҳатман ваксина бигиранд.

Ашхосе, ки ҳанӯз ваксина нагирифтаанд, метавонанд ба духтури оилавӣ ва ё ба муассисаи тиббии ба маҳалашон наздикбуда муроҷиат намоянд. Вазорати тандурустӣ эълон кардааст, ки эмкунии шаҳрвандон ройгон мебошад. 



Шумори гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон аз марзи 13,5 ҳазор гузашт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед