Ru  | Tj
Даҳ млн доллар "сарвати ғайриқобили тавзеҳ" дар Қазоқистон моликияти давлат шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Даҳ млн доллар "сарвати ғайриқобили тавзеҳ" дар Қазоқистон моликияти давлат шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Даҳ млн доллар "сарвати ғайриқобили тавзеҳ" дар Қазоқистон моликияти давлат шуд

Нашр шуд

Дар Қазоқистон барои нахустин бор ҳукми додгоҳ дар бораи “сарвати ғайриқобили тавзеҳ” иҷро шуд. Аз ҷавобгарон дороиҳо ба маблағи беш аз 10 миллион доллар ба фоидаи давлат мусодира карда шуд, хабар медиҳад Tengrinews.kz.

Кумитаи бозпасгирии дороиҳои Додситонии кулли Қазоқистон хабар медиҳад, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ, айбдоршавандагон натавонистаанд қонунӣ будани манобеи ба даст овардани ин дороиҳоро собит кунанд. Баъдан ин дороиҳо ба маблағи беш аз 10 миллион доллар моликияти давлати Қазоқистон шуд.

Айбдоршавандагон (насаби онҳо дар хабар зикр нашудааст) бо ин қарори додгоҳ розӣ нашуда, шикояти таҷдиди назар навиштанд, аммо шикояти онҳо рад шуд.

«Дар доираи иҷрои қарори додгоҳ пули нақд, ҷавоҳироти гаронбаҳо ва ашёи мероси таърихию фарҳангӣ, ки ба гуфтаи коршиносон, ба даврони сакоиҳо мутаълиқ аст, ба фоида давлат мусодира шуд», - омадааст дар хабар.

Хотиррасон мекунем, ки 12 июли соли гузашта раисҷумҳури Қазоқистон қонун «Дар бораи баргардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ ба даст овардашуда ба давлат»-ро имзо кард.

Ҷустуҷӯи сарватҳои ғайриқонуниро мақоми махсуси ваколатдори Додситонии кули Қазоқистон анҷом медиҳад. Гуфта мешавад, агар шаҳрванд дороии умумии беш аз 100 миллион доллар дошта бошад, маълумот дар бораи дороиҳои шубҳанок ба комиссияи махсус меравад. Баъдан чунин афрод ба феҳристи махсус ворид шуда, муваззаф мешаванд, ки дар бораи сарчашмаи пайдоиши дороӣ ва маблағҳояш маълумот диҳад.
 
Агар нафари ҷавобгар қонунӣ будани сарваташро собит карда натавонад, дороиҳои вай ғайриқонунӣ бадастовардашуда эътироф гардида, моликияти давлат мешаванд.

Бояд гуфт, ки то ин замон “сарвати ғайриқобили тавзеҳ”-ро афроди муттаҳам ихтиёран ба давлати Қазоқистон баргардониданд.

Баҳори соли гузашта ҳукумати Қазоқистон хабар дод, ки ба таври ихтиёрӣ дороиҳои ғайриқонунӣ ба маблағи беш аз 40 миллиард танга (83 миллион доллар) ба хазинаи давлат баргардонида шуд.

Қарор дода шуд, ки сарватҳои ба фоидаи давлат мусодирашуда ба ҳадафҳои иҷтимоӣ ва рафъи паёмадҳои обхезиҳои баҳорӣ дар ин кишвар харҷ карда шавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед