Ru  | Tj
Даҳҳо снайпер ва мушовирони низомии Покистон вориди вилояти Панҷшер шудаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Даҳҳо снайпер ва мушовирони низомии Покистон вориди вилояти Панҷшер шудаанд
Акс: Lenta.ru

Даҳҳо снайпер ва мушовирони низомии Покистон вориди вилояти Панҷшер шудаанд

Нашр шуд

Амруллоҳ Солеҳ, собиқ Муовини аввали раисҷумҳур ва яке аз аъзои раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дирӯз (панҷшанбеи 17 -уми феврал) гуфт, аз дирӯз даҳҳо снайпер ва мушовирони низомии Покистон вориди вилояти Панҷшер шудаанд.

Ҷаноби Солеҳ дар “Твиттер” навишт, ки даҳҳо снайпер ва мушовирони низомии панҷобӣ (Покистон) ҳамроҳ бо садҳо ситезаҷӯйи марбут ба шабакаи Ҳаққонӣ вориди вилояти Панҷшер шудаанд ва мехоҳанд пеши роҳи ҳамлаҳои муқовиматгаронро бигиранд.

Вай афзуд, ки дар гузашта чунин мушовирони покистонӣ аз минтақаи Панҷоб барои иҷрои маъмуриятҳои махфӣ ба Афғонистон меомаданд, вале ҳоло ошкоро ин корро мекунанд.

Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, ки мардуми маҳаллӣ дар Панҷшер хаймаҳои низомӣ ва ғизои омодаи низомиёни Покистонро мушоҳида кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ муқовимат бар зидди Толибон* бо шиддат ҷараён дорад ва бо омадани баҳор вориди марҳилаи ҷадид мешавад.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Шаҳрвандони Афғонистон дар Душанбе барои дастгирии Панҷшер ва Ҷабҳаи муқовимат ҷамъ омаданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед