Ru  | Tj
Дабири кулли СММ куштори сокинони Дойкундиро маҳкум кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дабири кулли СММ куштори сокинони Дойкундиро маҳкум кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Дабири кулли СММ куштори сокинони Дойкундиро маҳкум кард

Нашр шуд

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамла ба аъзои ҷамоаи ҳазора ва шиа дар манотиқи марзии вилоятҳои Дойкундӣ ва Ғур дар Афғонистонро маҳкум кард.

Стефан Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли СММ, ахиран дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Антонио Гутерриш ба хонаводаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ мекунад.

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид даъват кардааст, ки дар ҳама давру замон аз ғайринизомиён ҳимоят бояд кард.

Қаблан дафтари Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон низ ин ҳамларо маҳкум карда ва тақозо карда буд, ки омилони ин ҳамла ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Хотиррасон мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 12 сентябр 14 сокини ноҳияи Сангтахт ва Бандари вилояти Дойкундӣ дар манотиқи марзии ин вилоят ва вилояти Ғур аз сӯи афроди мусаллаҳи савори мототсикл ҳадафи тир қарор гирифтанд. Дар ин ҳамла шаш нафари дигар низ захмӣ шудаанд.

Масъулияти ин ҳамларо шохаи Хуросони ДИИШ* бар уҳда гирифта ва гуфтааст, ки 15 шиа кушта ва шаш тани дигар захмӣ шудаанд.

Қурбониёни ин ҳамла сокинони ноҳияи Сангтахт ва Бандари Дойкундӣ буданд, ки барои истиқболи зоирони Карбало ба манотиқи марзии вилояти Ғур рафта буданд.

 Ин ҳамла бо вокуниш ва маҳкумияти густурдаи дохиливу байналмилалӣ рӯбарӯ шуд ва дорои аломатҳои ҷиноёти байналмилалӣ арзёбӣ шуд.


*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед