Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дабири кулли СПАД: Дар Остона барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон тасвиб мешавад
Нашр шуд
Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар нишасти рӯзи 28 ноябр дар Остона барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасдиқ мекунад. Дар ин бора Имангали Тасмагамбетов, дабири кулли СПАД дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии СТВ-и Беларус изҳор дошт.
Ба гуфтаи Тасмагамбетов, имзои ин санад ба кишварҳои СПАД имкон медиҳад, ки муштаракан ҳифозат аз ин қитъаи марзро таҳким бахшида, ба ин васила амнияти Осиёи Марказиро таъмин кунанд.
«Мушкилоти Афғонистон яке аз самтҳои имрӯзаи фаъолияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аст, ки ин барои Осиёи Марказӣ ниҳоят муҳим аст. Ҳарчанд ба назар чунин менамояд, ки вазъ ба эътидол омада, оҳиста-оҳиста ба самти сулҳ тамоюл дорад, аммо дар қаламрави Афғонистон созмонҳои террористӣ ҳанӯз ба қадри кофӣ вуҷуд доранд», - зикр кард дабири кулли СПАД.
Қаблан зикр шуда буд, ки ин барнома барои панҷ сол пешбинӣ шуда, ба се марҳила тақсим шудааст. Дар чаҳорчӯби марҳилаи аввал, дар давоми як сол ҷониби Тоҷикистон бояд ҷиҳати таҳкими қитъаҳои алоҳидаи марз бо Афғонистон пешниҳоди мушаххас ироа кунад ва дар ин муддат кишварҳои созмон кумакро барои ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон муайян мекунанд.
Пас аз он марҳалаҳои дуюм ва сеюм ба нақша гирифта мешаванд, ки дар ҷараёни он барои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Гуфтанист, СПАД соли 1992 таъсис шуда, ба ин созмон ҳоло Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед