Ru  | Tj
Дабистоне бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дабистоне бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд
Акс: YouTube

Дабистоне бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби сафари корияш ба Суғд дар маросими ифтитоҳи “Мактаби Оксфорд” дар шаҳри Хуҷанд ширкат кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, муассисаи таълимии “Мактаби Оксфорд”, ки рӯзи 8-уми октябр дар маркази вилояти Суғд ба баҳрабардорӣ расид, бо дастури Прездент ва аз сӯи соҳибкори маъруфи тоҷик Саидмурод Давлатов бунёд шудааст.

Манбаъ ин муассисаро “мактаби байналмилалии типи нав” унвон карда, гуфтааст, ки онро харҷи 17 миллону 695 ҳазор сомонӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ сохтаанд.

Фаъолияти ин мактаб тибқи барномаи таълимии “Кембриҷ” -и Британияи Кабир ба роҳ монда шуда, дар як баст 550 нафар хонанда ва 50 кӯдаки синни томактабӣ ба омӯзишу парвариш фаро гирифта мешаванд.

Гуфта мешавад, таълим дар “Мактаби Оксфорд” ба таври комил ба забонҳои русӣ ва англисӣ сурат мегирад ва аз 32 нафар омӯзгори он 14 нафарашон муаллимони хориҷӣ ҳастанд.

Қаблан Halva.tj хабар дода буд, ки барои 28 синфхонаи ин мактаб таҷҳизоти зарурии таълимӣ аз Олмону Туркия ворид карда шудааст ва он дар доираи таҷлил аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ мерасад.

Соҳибкори тоҷик Саидмурод Давлатов бо тренингҳо ва китобҳои нашрнамудааш, аз қабили “Ман ва пул” ва силсилаи “Фалсафаи мурчагон” дар бобати пулёбиву сарватманд шудан байни мардум машҳур аст.

Тибқи иттилои расмӣ Давлатов дар шаҳру навоҳии кишвар корхонаю коргоҳҳои нав, гармхонаи инноватсионӣ, 200 гектар боғи мевадиҳанда, боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таъсису ташкил кардааст, ки дар онҳо беш аз 200 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Ифтитоҳи филиали “ВГИК” дар шаҳри Тошканд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед