Ru  | Tj
Далер Назаров дар Ӯзбекистон барномаи консертӣ баргузор хоҳад кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Далер Назаров дар Ӯзбекистон барномаи консертӣ баргузор хоҳад кард
Акс: Sputnik

Далер Назаров дар Ӯзбекистон барномаи консертӣ баргузор хоҳад кард

Нашр шуд

Консерти Далер Назаров рӯзи 20-уми ноябр дар қасри "Дӯстии халқҳо"-и шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои "Фергана", барномаи консертии Далер Назаров тибқи нақша бояд 17-уми октябр баргузор мегардид, аммо бинобар сабаби маҳдудиятҳо вобаста ба паҳншавии COVID-19 он як моҳ ба таъхир гузошта шуд.

Гуфта мешавад, ки эътиборияти чиптаҳои қаблан (барои рӯзи 17-уми октябр) дастрасгардида бекор карда намешаванд. Арзиши чипта аз 80 ҳазор то 650 ҳазор сумро ($7,5-60) ташкил медиҳад. 

Таъкид мегардад, ки консерт бо риоияи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ баргузор мегардад. 

"Нақшаи сафар ба Ӯзбакистон кайҳо боз тарҳрезӣ гардида буд ва пас аз он, ки сарони давлатҳои мо монеаро аз миён бардоштанд, нияти мо амалӣ шуд",- шарҳ додааст Далер Назаров дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон. 

Дар ин чанд соли охир ин маротибаи дувум аст, ки Далер Назаров дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барномаи консертӣ барпо менамояд. Моҳи декабри соли 2020 барномаи консертии ӯ дар Тошканд ва Самарқанд баргузор гардида буд.


Далер Назаров баъд аз сафар ба Хуҷанду Бадахшон ба COVID -19 гирифтор шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед