Ru  | Tj
Далер Назаров: Навохтани гиторро аз Ютуб омӯзед

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Далер Назаров: Навохтани гиторро аз Ютуб омӯзед
Акс: Интернет

Далер Назаров: Навохтани гиторро аз Ютуб омӯзед

Нашр шуд

Далер Назаров, аз дурахшонтарин ситораҳои мусиқии тоҷик, маслиҳат додааст, ки шавқмандон навохтани гиторро аз Ютуб омӯзанд.

Далер Назаров дар саҳифаи худ дар Instagram бо ҳаводоронаш гуфтугӯ карда, ба суоли нафаре, ки пурсидааст, чӣ гуна дар 28-солагӣ навохтани гиторро омӯзад, маслиҳат додааст, ки "Дар Ютуб дарсҳои зиёде ҳаст, мешавад аз онҳо истифода кард. Бояд шумо ҷур кардани торҳоро омӯзед ва баъд бо зам-зама кардани суруд дигар дастатон барои навохтан рост мешавад".

Дар бораи таълифи сурудҳои нав ин овозхон гуфтааст, ки муҳим на эҷоди таронаҳои тоза, балки чӣ гуна қабул шудани он аз ҷониби мардуми имрӯз аст.

"Мешавад боз 10 "Чак-чаки борони дигар таълиф кард, вале гап на сари матну сурудҳои нав меравад, гап ин ҷост, ки сурудҳои куҳна, ки мардум баладанд, имрӯз дар дили онҳо чӣ гуна садо медиҳанд", - гуфтааст ҳунарманди маҳбуб.



Юлдуз Усмонова ба Душанбе омад, то дар ҳузури сарони ду кишвар суруд хонад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед