Ru  | Tj
Далер Ҷумъа: Ҳаҷми маблағҳои ҷамъоваришуда аз муштариён барои масрафи барқ бештар шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Далер Ҷумъа: Ҳаҷми маблағҳои ҷамъоваришуда аз муштариён барои масрафи барқ бештар шудааст
Акс: Sputnik

Далер Ҷумъа: Ҳаҷми маблағҳои ҷамъоваришуда аз муштариён барои масрафи барқ бештар шудааст

Нашр шуд

Вазири энергетика гуфт, ки “Барқи тоҷик” бо пурзӯр намудани назорати кори низоми биллингӣ ва ҷорисозии усулҳои нави хидматрасонӣ дар соли гузашта муваффақ шудааст, ки ҷамъоварии маблағи нерӯи барқро бештар намояд. 

Ба гузориши Halva.tj, ин матлабро дирӯз дар нишасти хабарии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Жалер Ҷумъа баён намуд. 

Вазир гуфт, ки соли 2021  беш аз 3 миллиарду 113 сомонӣ ҳаққи истифода аз нерӯи барқ ҷамъоварӣ шудааст, ки баробар ба 93, 6 фисад мебошад ва ин нишондиҳанда назар ба як соли қабл 385 миллион сомонӣ зиёдтар аст. 

Далер Ҷумъа пурзӯр намудани назорати кори низоми биллингӣ, беҳсозии идоракунии корпоративӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири хизматрасониро аз авомили аслии зиёд гардидани ҳаҷми маблағҳои ҷамъоваришуда унвон кард.  

Вай афзуд, ки ҳадаф аз ҷорӣ намудани барномаи билингӣ шаффофият дар ҳисоби дақиқи масрафи энергияи барқ мебошад. 

Вазир дар идома тавзеҳ дод, ки айни замон дар асоси технологияи муосири ҷоригардида ирсоли паёмак ба телефони ҳар як истифодабаранда оид ба маълумоти нишондиҳандаҳои ҳисобкунак, масрафи нерӯи барқ ва арзиши он роҳандозӣ гардидааст, ки фасод дар ин соҳаро аз байн мебарад. 

Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, Вазорат дар ҳоли ҳозир ҳамроҳ бо ҷамъиятҳои шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ ҷорисозии системаи эектронии идоракунии истифодаи нерӯи барқро рӯи даст гирифтааст. 

Афзоиши ҳаҷми маблағҳои ҷамъоваришудаи ҳаққи нерӯи барқ дар ҳолест, ки то имрӯз дар Тоҷикистон шикоятҳо аз набудани барқ садо медиҳанд. Бархе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки чандин соат дар рӯз барқ надоранд, аммо “Барқи тоҷик” ҷорӣ гардидани лимитро борҳо инкор кардаву набудани барқро ба корҳои таъмирӣ дар шабакаҳои интиқолу тақсим рабт додааст. 

Бар пояи омори расмӣ, соли гузашта дар кишвар 20  миллираду 624,6 миллион кВт-соат  нерӯи барқ истеҳсол шуда, суръати афзоиш беш аз 104 фисад таъмин гардидааст. 


Вазири тандурустӣ бо Ордени Кумитаи ҷанговарон -интернатсионалистон қадрдонӣ шуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед