Ru  | Tj
Далер Ҷумъа: Дар назар аст, ки арзиши нерӯи барқ боло равад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Далер Ҷумъа: Дар назар аст, ки арзиши нерӯи барқ боло равад
Акс: Avesta.tj

Далер Ҷумъа: Дар назар аст, ки арзиши нерӯи барқ боло равад

Нашр шуд

Дар назар аст, ки имсол арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон боло равад, - хабар дод Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар.

Ба гузориши Halva, Ҷумъа Далер, Вазири энергетика ва захираҳои об дар суҳбат ба хабарнигорон аз эҳтимоли боло рафтани нархи барқ иттилоъ дод ва гуфт, ки ин иқдом мавриди баррасӣ қарор дорад ва бо назардошти вазъи иҷтимоии мардум амалӣ хоҳад шуд.

Вазири тоҷик таъкид дошт, ки соли гузашта ба сабаби пандемия нархи барқ боло нарафта буд.

Далер Ҷумҳа ҳамчунин иброз намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бозсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» идома дошта, пас аз таҷдиди комил тавоноии тавлидии ин се неругоҳ нисбат ба зарфияти имрўзаашон ба андозаи 374 МВт. афзоиш хоҳад ёфт.

Бори охир арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон соли 2019 боло рафта буд. Феълан нархи 1 киловатт-соат қувваи барқ дар кишвар барои истифодаи аҳолӣ 22,66 дирам мебошад. Созмонҳои байналмилалӣ борҳо тавсия додаанд, ки бояд арзиши барқ дар Тоҷикистон баланд бардошта шавад, то вазъи молии ширкати “Барқи тоҷик” беҳбуд ёбад.

Арзиши патент барои соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон қариб 10% зиёд шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед