Ru  | Tj
Дар 8 соли оянда тамоми аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ таъмин мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар 8 соли оянда тамоми аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ таъмин мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар 8 соли оянда тамоми аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ таъмин мешавад

Нашр шуд

Раҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» иддао кард, ки то соли 2032 тамоми мардуми Тоҷикистон бо оби нӯшокии мутамарказ таъмин мегарданд.

Бо амалӣ шудани барномаи «Таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ барои давраи то соли 2032» аҳолии тамоми шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳои ин кишвар бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раҷабалӣ Расулзода, муовини раҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» иттилоъ дод.

Тибқи иттилои хабаргузории "Ховар", таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод гардидааст.

Ба гуфтаи Расулзода, айни ҳол барномаи мазкур дар доираи гурӯҳи корӣ дар ҳолати баррасӣ қарор дошта, то охири соли ҷорӣ бояд тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шавад.

Гуфта шуд, ки агар барнома то охири соли ҷорӣ қабул гардад, пас он давоми солҳои 2024-2032 амалӣ карда мешавад. Дар доираи ин барнома тамоми шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳо, ҷамоатҳо, кӯчаҳои Тоҷикистон ба назар гирифта шуда, онҳо бо оби нӯшокӣ таъмин ва нуқтаҳои обҳои партов таҷдиду барқарорсозӣ хоҳанд шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз шумораи 10 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 66 дарсад ё ин ки 6 миллион 741 ҳазор нафар бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин ҳастанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед