Ru  | Tj
Дар Афғонистон 40 афсари полиси зан “Академияи полиси Толибон”-ро хатм кардаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Афғонистон 40 афсари полиси зан “Академияи полиси Толибон”-ро хатм кардаанд
Акс: Интернет

Дар Афғонистон 40 афсари полиси зан “Академияи полиси Толибон”-ро хатм кардаанд

Нашр шуд

Як мақоми баландпояи Толибон* гуфтааст: "40 афсари зани полис Академияи полиси Кобулро хатм кардаанд”.

Соҳил Шоҳин дар “Твиттер” навореро нашр кард, ки дар он афсарони зан ба гуфтаи ӯ барои “хизмат” ба кишвар ба нерӯҳои Толибон пайвастаанд.

Ин бори аввал аст, ки як мақоми баландпояи Толибон дар бораи омӯзиш ва ҷалби занон ба нерӯҳои амниятӣ ҳарф мезанад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки фишорҳои байналмилалӣ болои Толибон барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон идома дорад ва занони эътирозгар бо вуҷуди боздошт ва саркӯби Толибон таблиғоти худро барои ҳуқуқи таҳсил ва кор идома медиҳанд.

Қаблан тамоми нерӯҳои амниятии занон, артиш ва полиси Афғонистон аз тарси интиқоми Толибон корро тарк карда буданд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


“Лаббайк” ба даъвати Масъуд. Мардуми Афғонистон алайҳи Толибон ба қиёми миллӣ бархестанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед