Ru  | Tj
Дар Афғонистон барои наҷоти дигар аъзоёни оила аз гуруснагӣ кӯдакони навзоди худро мефурӯшанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Афғонистон барои наҷоти дигар аъзоёни оила аз гуруснагӣ кӯдакони навзоди худро мефурӯшанд
Акс: Интернет

Дар Афғонистон барои наҷоти дигар аъзоёни оила аз гуруснагӣ кӯдакони навзоди худро мефурӯшанд

Нашр шуд

Дар Афғонистон гуруснагии оммавӣ оғоз шуда истодааст.

Оҷонсии иттилоотии "Фергана" хабар медиҳад, ки ба тахмини Созмони Миллали Муттаҳид аз 40 миллион аҳолии Афғонистон 23 миллион нафар (3,2 миллион кӯдак) ба норасоии шадиди ғизо мувоҷеҳ хоҳанд шуд. ЮНИСЕФ ва Барномаи ҷаҳонии озӯқавории СММ ҳушдор медиҳанд, ки миллионҳо кӯдаки афғон метавонанд аз гуруснагӣ ҳалок шаванд.

Хабарнигорони "Би-би-сӣ" аз бемористони созмони байналмилалии башардӯстонаи "Табибони бидуни марз" дар Ҳирот дидан карда, шоҳиди вазъияти фалокатбор шудаанд. 

Ба иловаи "Фергана", хабарнигорони "Би-би-сӣ", инчунин ба хонаи як оилаи серфарзанди афғон ташриф овардаанд, ки ин оила барои сер кардани дигар фарзандон духтари навзоди худро ба маблағи 500 доллари амрикоӣ фурӯхтаанд. Вақте ки кӯдаки навзод роҳ рафтанро ёд мегирад, ӯро ба дасти харидор месупоранд. Харидор ваъда додааст, ки духтарчаи онҳоро ҳамсари писараш мекунад.

"Мо дар хонаамон на орду на равған дорем. Мо маҷбур шудем ин корро кунем",- гуфтааст падари духтарча. 

Гуфта мешавад, ки дар Афғонистон ин ягона ҳолати аз ночорӣ фурухтани фарзанди худ нест, солҳои қаблӣ низ оилаҳои зиёди камбизоат барои ҳалок нашудан аз гуруснагӣ кӯдаки навзодашонро мефурӯхтанд ва кӯдакони калонсоли худро ҷиҳати пӯшондани қарз ба ғуломӣ медоданд.

Ба иловаи манбаъ, пас аз оне, ки "Толибон" қудратро ба даст оварданд, Афғонистон аз кӯмакҳои ИМА, Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор маҳрум шуда, дар натиҷа дар ин кишвар бӯҳрони шадиди башардӯстона ба вуқӯъ пайваст.

Ҳамчунин, дар Афғонистон бисёриҳо ҷойҳои кориро аз даст додан два ҳамчунин онҳое, ки ҳанӯз кор мекунанд, чанд моҳ боз маош нагирифтаанд. 

Ба тахмини СММ, дар аввали соли 2022 беш аз 90%-и афғонҳо метавонанд зери хатари фақр қарор гиранд.

Моҳи сентябр дар конфронси Женева ҷомеаи ҷаҳонӣ муаззаф гардид, ки ҷиҳати кӯмак ба афғонҳо беш аз 1 млрд доллар ҷудо кунад. Сеяки ин маблағ бояд барои таъмини аҳолии Афғонистон бо ғизо сарф шавад. 


Дар Маскав аз "Толибон" хостанд, ки барои ташкили ҳукумати фарогир чора андешанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед