Ru  | Tj
Дар Афғонистон духтари 9-соларо бар ивази 2 ҳазор доллар ба марди 55-сола фурӯхтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Афғонистон духтари 9-соларо бар ивази 2 ҳазор доллар ба марди 55-сола фурӯхтанд
Акс: Gazeta.ua

Дар Афғонистон духтари 9-соларо бар ивази 2 ҳазор доллар ба марди 55-сола фурӯхтанд

Нашр шуд

Волидайни духтарак гуфтаанд, ки роҳи дигаре барои наҷоти хонавода аз гуруснагӣ надоштанд. 

Як марди фақири афғон дар Қалъаи Нави вилояти Бодғис пас аз қатъи кӯмакҳои байналмилалӣ маҷбур шуд, духтари 9-солаи худро ба як марди 55-сола бифурӯшад. 

Ин кӯдаки 9-сола гуфта, ки орзуи омӯзгор шуданро дошта ва намехоҳад таҳсилро тарк кунад. Ӯ умед доштааст, ки фикри падару модарашро дигар кунад, вале илтиҷояш бенатиҷа будааст.

Рӯзи 24-уми октябр марде, ки ба падари духтар 200 ҳазор афғонӣ (ҳудуди 2 ҳазору 200 доллари амрикоӣ) додааст, гуфтааст, ки ӯро барои издивоҷ нахаридааст ва мехоҳад ӯро мисли яке аз фарзандонаш нигоҳубин кунад.

Қонуни "Манъи зӯроварӣ алайҳи занон"-и Афғонистон ба синни 18-солагӣ расидани духтаронро синни балоғат пешбинӣ мекунад, ки аз замони ба қудрат расидани Толибон лағв шудааст.

Нигарониҳо аз издивоҷи духтарони ҷавон ва фурӯши духтарони хонаводаҳои камбизоат, ки бо кӯмаки байналмилалӣ зиндагӣ мекарданд, афзоиш ёфтааст.


Тоҷикони Афғонистон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед