Ru  | Tj
Дар Афғонистон иштироки якҷояи устодони марду зан дар чорабиниҳои илмӣ манъ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Афғонистон иштироки якҷояи устодони марду зан дар чорабиниҳои илмӣ манъ шуд
Акс: Интернет

Дар Афғонистон иштироки якҷояи устодони марду зан дар чорабиниҳои илмӣ манъ шуд

Нашр шуд

Вазорати таҳсилоти олии Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) дар як нома дастур додааст, ки ширкати ҳамзамони устодони марду зан дар нишастҳои илмӣ, маъмурӣ, донишгоҳӣ ва маросимҳои фароғатӣ мамнӯъ аст.

Дар ин нома, ки дирӯз (душанбеи 4-уми март) ба расонаҳо расид, тамоми муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳои кишвар вазифадор шудаанд, ки бо иштироки марду зан нишастҳои мухталифи илмӣ, аз ҷумла семинарҳои пажӯҳишӣ ва семинарҳои илмӣ, маъмурӣ ва маҳфилҳо доир накунанд.

Дар ин нома ҳамчунин гуфта мешавад, ки тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишгоҳҳои давлатӣ муваззаф шудаанд, ки тамоми корҳояшонро тибқи қонунҳои шариати ислом ба роҳ монанд.

Бар асоси фармони ҷадиди Толибон, ҷои баргузории нишастҳои занон бояд аз мардон ҷудо бошад ва аз нашри аксҳои ин нишастҳо ҷилавгирӣ шавад.

Қаблан мактабҳои духтарона дар Афғонистон масдуд шуда ва Толибон барои  духтарони болотар аз синфи шашум иҷозаи таҳсил надоданд.


Аҳмад Масъуд: “Толибон аз мо таслим шудан ва итоат карданро мехоҳанд ва мо ҷуз муқовимат роҳи дигаре надорем”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед