Ru  | Tj
Дар Афғонистон тақрибан 300 хона хароб ва даҳҳо нафар гумном шудаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Афғонистон тақрибан 300 хона хароб ва даҳҳо нафар гумном шудаанд
Акс: etilaatroz.com

Дар Афғонистон тақрибан 300 хона хароб ва даҳҳо нафар гумном шудаанд

Нашр шуд

Мақомоти амниятии Толибон* дар вилояти Балхи Афғонистон мегӯянд, дар пайи резиши сел дар ноҳияи Зореъи ин вилоят ҳудуди 300 манзили маскунӣ тахриб шуда, ба сокинони маҳаллӣ хисороти бузурги молӣ расидааст.

Муҳаммад Осиф Вазирӣ, сухангӯйи фармондеҳии амниятии Толибон дар Балх мегӯяд, ки ин селоб рӯзи 23-юми март дар вулусволии Зореъ дар ин вилоят ҷорӣ шудааст.

Вазирӣ мегӯяд, ки дар паҳлӯи ин хонаҳо ҳудуди 3000 гектар замини кишоварзӣ зери гилу об монда, садҳо сар чорвои сокинони маҳаллӣ низ зери селоб мондааст.

Сухангӯйи фармондеҳии амниятии Толибон дар Балх дар бораи талафоти ҷонӣ бар асари ин сел чизе нагуфт.

Аммо манобеъи мардумӣ ба рӯзномаи «Иттилооти рӯз» гуфт, ки ин обхезӣ дар маҳаллаи Мирзоӣ дар ноҳияи Зореъ рух дод, маҳалле ки дар он қариб ҳазор оила зиндагӣ мекунад.

Ин манобеъ таъйид мекунад, ки ҳудуди 300 манзили маскунӣ бар асари сел тахриб шуда, аъзои ин хонаводаҳо гумном шудаанд.

 

*Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед