Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Афғонистон тақсими пулҳои нав чопшуда ба бонкҳои тиҷоратӣ оғоз шудааст
Нашр шуд
Сад миллион дона пули нав чопшуда шомили даҳ, бист, панҷоҳ ва сад афғонӣ ба бонкҳои тиҷоратии Афғонистон тақсим карда шудаанд.
Шабакаи хабарии «TOLOnews» бо такя ба маълумоти Бонки марказии Афғонистон навиштааст, ки раванди тақсими сад миллион пули тозанашр ба бонкҳои тиҷоратии ин кишвар оғоз шудааст.
Ба хабари ин манбаъ, Ҳасибуллоҳ Нурӣ, сухангӯйи Бонки марказии Афғонистон мегӯяд, ки тамоми пулҳои фарсуда аз бозор ҷамъ карда мешаванд ва пулҳои нав чопшудаи афғонӣ ҷойи онро хоҳанд гирифт.
Гуфта мешавад, ки ба сад миллион дона пули нав чопшуда даҳ, бист, панҷоҳ ва сад афғонӣ дохил мешаванд, ки ба бонкҳои тиҷоратии кишвар тақсим карда шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Иттиҳодияи саррофони «Сарой Шаҳзода»-и Кобул мегӯяд, ки пулҳои фарсуда дар бозорҳои кишвар як мушкили бузург аст. Ин иттиҳодия аз Бонки марказии Афғонистон хостааст, то пулҳои тоза чопшударо ба зудӣ дар бозорҳои кишвар паҳн кунад.
Ба навиштаи шабакаи хабарии «TOLOnews», қаблан ду ширкати фаронсавӣ ва лаҳистонӣ пулҳои пулии Афғонистонро чоп мекарданд ва нахустин пулҳои нав ба ин кишвар 9 ноябри соли 2022 ворид шуда буд.
Бояд гуфт, ки қаблан Шоҳмуҳаммади Меҳробӣ, узви Шӯрои олии Бонки марказии Афғонистон гуфта буд, ки маҳмулаи навбатии пулҳои нави афғонӣ моҳи январи соли 2023 вориди Афғонистон мешавад. Вай таъкид кард, ки пулҳои нави афғонӣ чопи ширкати лаҳистонии «Security Printing of Puland» дар моҳи январи соли 2023 вориди Афғонистон мешавад.
Инчунин бар асоси қарордод бо ширкати фаронсавии «Oberture Fideoshare» нисфи пули коғазии Афғонистон дар моҳи майи соли 2023 ва нисфи дигар то охири соли ҷорӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад. Гуфта мешавад, ки Бонки марказии Афғонистон бо ширкатҳои лаҳистонӣ ва фаронсавӣ барои чопи 10 миллард афғонӣ қарордод имзо кардааст.
Ба гуфтаи коршиносон, бе дастрасӣ ба пулҳои нав мушкили пули нақд дар бозори дохилии Афғонистон рӯз то рӯз шадидтар мешавад, зеро пулҳои фарсуда ва порашуда буҳрони пардохтпазириро дар ин кишвари фақир боз шадидтар мекунад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед