Ru  | Tj
Дар Афғонистон занон паймон кардаанд, ки тиллои худро барои дастгирии муқовимат ба фурӯш бароранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Афғонистон занон паймон кардаанд, ки тиллои худро барои дастгирии муқовимат ба фурӯш бароранд
Акс: Интернет

Дар Афғонистон занон паймон кардаанд, ки тиллои худро барои дастгирии муқовимат ба фурӯш бароранд

Нашр шуд

Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раисҷумҳури Афғонистон ва узви раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар паёме бори дигар бар зарурати муқовимат алайҳи Толибон* таъкид кард ва гуфт, занони русто барои ҳимоят аз муқовимат ба фурӯши тилло ва дигар зевароти қимати худ рӯ овардаанд.

Амруллоҳ Солеҳ дар вокуниш ба талошӣ ва кофтукоби хона ба хонаи Толибон навишт: "Мошинҳои хусусӣ мардумро бо худ бурданд."

Вай ҳамчунин гуфт, ки ба ҷуз ду корманди зан, дигар дар ҳеҷ як кофтукоби хона ба хонаи Толибон занон  ҳузур надоштанд ва ҳатто занон низ аз сӯи Толибон кофту коб шудаанд.

Вай афзуд: “Беэҳтиромӣ ба ҳаёти шахсии мардум ва таҷовуз ба либосу моли занон дар таърихи мо такрор нашудааст. Дар бадтарин ҳолатҳои ҷанг, ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои душман дар гузашта ба ин рафтори ғайриинсонӣ ва таҳқиркунанда даст назадааст."

Амрулло Солеҳ бо таъкид бар зарурати муқовимат ба Толибон гуфт: “Ман мустақиман бо даҳҳо хонаводаи қурбониён гуфтугӯ кардам.  Яке аз ҷавонон ба ман гуфт, ки занони деҳаи мо қарор додаанд, ки тилло ва ангуштаринҳои қимати худро фурӯхта, муқовиматро дастгирӣ кунанд.

Қобили зикр аст, ки Толибон тайи чанд рӯзи ахир дар бархе аз манотиқи Кобул ва вилоятҳои ҳамсоя ба баҳонаи поксозии ин манотиқ аз дуздону одамрабоён ва унсурҳои бадкор амалиёти “хона ба хона” анҷом додаанд.

Шуморе аз сокинон дар ин манотиқ гузориш додаанд, ки нерӯҳои Толибон дар бархе маворид бо зӯр вориди хонаҳо мешаванд ва қуфлҳоро мешикананд ва зоҳиран афроди мушаххасро ҷустуҷӯ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Толибон бо нашри як изҳорот эълон кардааст, ки нерӯҳои Толибон ҳақ надоранд хонаҳоро бидуни ҳузури вакилони мудофеъ ва рӯҳониёни масҷид тафтиш кунанд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ 


“Нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ба ҳар таҳаввул омодагии комил доранд”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед