Ru  | Tj
Дар Афғонистон занон шомили пулиси миллӣ шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Афғонистон занон шомили пулиси миллӣ шуданд
Акс: etilaatroz.com

Дар Афғонистон занон шомили пулиси миллӣ шуданд

Нашр шуд

Ҷунбиши Толибон* дар Афғонистон як бахши занонаи пулиси миллиро таъсис додааст. Дар ин бора "Коммерсант" бо истинод ба хабаргузории TOLOnews хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, заноне, ки то ба сари хокимият омадани Толибон* дар Вазорати корхои дохилӣ кор мекарданд, ба кори ин шуъба қабул карда шуданд. Ҳоло дар ин ҷо қариб 100 нафар занон таълим мегиранд.
Сухангӯйи Вазорати умури дохилии Афғонистон Абдул Навӣ Такур гуфтааст, ки "мо кӯшиш мекунем, ки афсарони дигари пулисро, ки дар шӯъбаҳои пулиси маҳаллӣ омӯзиш дидаанд ва дар шӯъбаҳои пулис таҷриба дошта бошанд, ба кор ҷалб кунем."
Муҳадиса Амин, як фаъоли ҳуқуқи занон дар Афғонистон гуфтааст, ки  Толибон* мехоҳанд вокуниши ҷомеаро ба бераҳмӣ алайҳи занон дар тазоҳурот нигоҳ доранд.

* Толибон - ҳаракати террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед