Ru  | Tj
Дар ҷаласаи Парлумони Тоҷикистон масъалаи истеҳсоли нӯриҳои маъдан ба баррасӣ кашид шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар ҷаласаи Парлумони Тоҷикистон масъалаи истеҳсоли нӯриҳои маъдан ба баррасӣ кашид шуд
Акс: Pressa.tj

Дар ҷаласаи Парлумони Тоҷикистон масъалаи истеҳсоли нӯриҳои маъдан ба баррасӣ кашид шуд

Нашр шуд

Корхона ҶСК "Азот" дар оянда метавонад талаботи кишварро 50 дарсад бо намудҳои гуногуни нӯриҳои минералӣ таъмин намояд.

Тавре Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 2-юми март дар ин ниҳод бо иштироки Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи сеюм баргузор гардида, дар кори ҷаласа масъалаи " Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ "Осиё Кемикал" доир ба барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани ҶСК "Азот" баррасӣ шудааст.

Ба таъкиди манбаъ, фаъолияти корхонаи ҶСК "Азот" метавонад дар татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Стратегияи рушди саноат дар ҶТ барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи саноатикунонии босуръати ҶТ барои солҳои 2020-2025” саҳми ҳалкунанда дошта бошад.

Гуфта мешавад, корхонаи мазкур дар оянда имкон дорад, ки дар ҳаҷми муайян нӯриҳои минералиро, аз қабили карбамид (барои хоҷагии халқ), аммиак (барои истеҳсолоти худӣ), дуоксиди карбон (барои саноати сабук (хӯрока), оксигени газӣ (барои тиб ва кафшери газӣ), нитрогени моеъ (барои хоҷагиҳои чорвопарварӣ) истеҳсол намояд.

Ёдрас мешавем, ки Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ "Осиё Кемикал" дар бораи барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани ҶСК "Азот" 8-уми феврали соли 2022 дар пойтахти мамлакат имзо шуда, ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуда буд.


Толибону Чин барои сармоягузорӣ дар маъданҳои ноёби Афғонистон тарҳи муштарак доранд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед