Ru  | Tj
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун дар бораи авф баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун дар бораи авф баррасӣ гардид
Акс: Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун дар бораи авф баррасӣ гардид

Нашр шуд

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки дирӯз таҳти роҳбарии раиси ин ниҳод Маҳмадтоҳир Зокирзода сурат гирифт, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони ҶумҳурииТоҷикистон» баррасӣ шуд.

Мувофиқ ба шарҳи хадамоти матбуоти парлумон, ҳадаф аз қабули қонун ин фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бозгардонии дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.

Илова шудааст, ки дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ дар дохили мамлакат ва дар давлатҳои хориҷӣ ҷойгиранд, қаблан аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда дар эъломия расман нишон дода нашуда буданд, тавассути сармоягузории маблағҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, қонунӣ гардонида мешавад.

Бар замми ин, шаҳрвандоне, ки дар қитъаи замин биноҳоро худсарона бидуни гирифтани ҳуҷҷати муайянкунандаи ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтаанд, метавонанд бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссияи оид ба қонунигардонии дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ноҳия ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсисёбанда моликияти худро қонунӣ кунанд ва шаҳодатномаи қонунигардонро бигиранд.

Таъинотҳои кадри ду курсии парлумонро холи намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед