Ru  | Tj
Дар ҳамдастӣ бо Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон курси пойафзолдӯзӣ роҳандозӣ мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар ҳамдастӣ бо Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон курси пойафзолдӯзӣ роҳандозӣ мегардад
Акс: Avesta.tj

Дар ҳамдастӣ бо Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон курси пойафзолдӯзӣ роҳандозӣ мегардад

Нашр шуд

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода бо Роҳбари нави Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Эрбир Ибраҳимбей вохӯрӣ анҷом дод.

Бинобар иттилои Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мулоқоти ду ҷониб рӯзи 14-уми марти соли равон ба вуқӯъ пайвастааст.

Таъкид мегардад, ки Амонзода аз Оҷонсии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати таъмир, фароҳам овардани шароит дар устохонаи таълими истеҳсолӣ аз рӯйи ихтисоси пойафзолдӯзӣ дар МД "Литсейи касбии махсуси маъюбон”-и шаҳри Душанбе арзи қаноатмандӣ намудааст.

Эрбир Ибраҳимбей дар навбати худ дар мулоқот доир ба лоиҳаҳои ТИКА, ки барои дастгирии соҳаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон равона гардидаанд, маълумоти пурра ироа намуда, таъкид доштааст, ки рӯзҳои наздик курсҳои омӯзишӣ барои доираи васеи шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Қобили қайд аст, ки моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Истанбул ҳамоиши ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия баргузор гардида, дар ин чорабинӣ зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби сад ширкати ватанӣ муаррифӣ гардид.


Байни Тоҷикистону Русия долони гумрукии соддашуда роҳандозӣ гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед