Ru  | Tj
Дар ҳамлаҳои Исроил ба ҷануби Лубнон се хабарнигор кушта шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар ҳамлаҳои Исроил ба ҷануби Лубнон се хабарнигор кушта шуд

Дар ҳамлаҳои Исроил ба ҷануби Лубнон се хабарнигор кушта шуд

Нашр шуд

Вазорати тандурустии Лубнон ва расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки дар ҳамлаи субҳи барвақти Исроил ба ҷануби Лубнон дастикам се хабарнигор кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, ин хабарнигорон дар меҳмонхонаҳои мавриди истифодаи расонаҳо дар Ҳасбиё дар ҷануби Лубнон қарор доштанд.

Бар асоси ин гузориш, дар миёни кушташудагон Виссом Қосим, наворбардори телевизиони "Ал-Манор", Ғасон Наҷҷор, наворбардори шабакаи "Ал-Маёдин" ва Муҳаммад Ризо, корманди бахши фаннии ин расона ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ин хабарнигорон ҳангоми хоб кушта шудаанд.

Зиёд Макорӣ, вазири иттилооти Лубнон гуфтааст, ки «ин ҷинояти ҷангӣ аст».

Ба гуфтаи вай, дар меҳмонхонаҳо дастикам 18 хабарнигори шаш расона, аз ҷумла Sky News, Ал-Ҷазира ва телевизионҳои Лубнон иқомат доштанд.

Исроил то ҳол дар бораи ин ҳамла чизе нагуфтааст.

Бояд гуфт, ки пеш аз ин ҳам дар ҳамлаҳои Исроил дар Лубнон панҷ хабарнигор, аз ҷумла Ассом Абдуллоҳ, хабарнигори Reuters, кушта шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед