Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул шаш нафар кушта шуд
Нашр шуд
Вазорати умури дохилии ҳукумати Толибон* марги шаш нафарро бар асари таркиш дар Кобул тасдиқ кард.
Рӯзномаи «Иттилои рӯз» навиштааст, Вазорати умури дохилии Толибон таркиш дар шаҳри Кобулро таъйид кард ва гуфт, ки бомбгузори маргталаб қабл аз расидан ба ҳадаф ҷон додааст ва маводди ҳамроҳаш таркидааст.
Абдулнофеъ Такур, сухангӯйи Вазорати умури дохилии Толибон дар Твиттер навишт, ки дар ин таркиш шаш ғайринизомӣ кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни захмиён се тан аз нерӯҳои Толибон низ ҳастанд.
Такур навиштааст, ки бомбгузори маргталаб аз ҷониби нерӯҳои Толибон дар наздикии гузаргоҳ дар чорроҳаи Мулк Асғар аз минтақаи дувуми амниятӣ кушта шудааст. Дар бораи ҳадафи ин бомбгузори маргталаб чизе нагуфтааст.
Аз сӯйи дигар манобеъ ба рӯзномаи «Daily News» мегӯянд, ки ин инфиҷор нисфирӯзии 27-уми март дар назди даромадгоҳи маркази тиҷоратии Довудзай дар наздикии вазорати хориҷаи Толибон рух додааст.
Ба навиштаи ин манбаъ, беморхонаи ёрии таъҷилии Кобул мегӯяд, ки ду кушта ва 12 захмӣ, аз ҷумла як кӯдак ба шуъбаи ҷарроҳии ин бемористон интиқол дода шудаанд.
То ҳол ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар назди бинои вазорати хориҷаи Толибон таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки масъулияти онро ДОИШ* бар уҳда гирифт. Дар ин ҳамла беш аз 20 нафар кушта ва захмӣ шуданд.
*Фаъолияти ин созмонҳо дар Тоҷикистон мамнӯъст
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед