Ru  | Tj
Дар Амрико 8 зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми иртибот бо ДИИШ* боздошт шудаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Амрико 8 зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми иртибот бо ДИИШ* боздошт шудаанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Амрико 8 зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми иртибот бо ДИИШ* боздошт шудаанд

Нашр шуд

Афроди муттаҳам дар ҷараёни як амалиёти Хадамоти федеролии тафтишотии Амрико дар Лос-Анҷелес, Ню Йорк ва Филаделфия боздошт шудаанд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳашт нафар аз Тоҷикистон боздошт шуданд, ки онҳо дар иртибот бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”* (Дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора шабакаи NBC рӯзи 11 июн бо такя ба манобеаш хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ин афрод дар ҷараёни амалиёти FBI дар Лос-Анҷелес, Ню Йорк ва Филаделфия боздошт шудаанд. Ҳамаи боздоштшудаҳо тавассути сарҳади ҷанубӣ ба Амрико ворид шуданд.

Ба иттилои NBC, ҳадди ақал ду нафари онҳо дар баҳори соли 2023 ба ин кишвар омадаанд. Зикр мешавад, ки Хадамоти федеролии тафтишотии Амрико онҳоро чанд моҳ назорат мекард. Аммо таъкид мешавад, ки онҳо то ҳол барои омода кардани ҳамлаи террористӣ муттаҳам нашуда, сабаби расмии боздошти онҳо ба нақзи қонуни муҳоҷират рабт дорад.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи рӯзномаи New York Post, аз 8 боздоштшуда, шаш нафар зодаи Тоҷикистонанд, вале шаҳрвандии Русияро доранд. Рӯзнома ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар ҷараёни тафтишот маъмурони FBI телефонҳоро гӯш мекарданд ва гӯё сабт кардаанд, ки "яке аз боздоштшудаҳо дар бораи бомба ҳарф мезанад".

Қаблан Кристофер Врей, раиси Хадамоти федеролии тафтишоти Амрико дар ҷаласаи Сенати ин кишвар гуфта буд, ки Амрико метавонад бо ҳамлаи террористии шабеҳи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Ҳолли Русия рӯбарӯ шавад.

*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон

 Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед