Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар ҷануби Тоҷикистон корхонаи полоиши нафт бунёд мешавад
Нашр шуд
Тоҷикистон бо ширкати чинии Shaanxi дар мавриди бунёди як корхонаи коркарди нафт дар марз бо Афғонистон тавофуқ кардааст.
Бузургмеҳр Каримзода, раиси минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” гуфт, ки Тоҷикистон бо ширкати чинии Shaanxi Shengtianyan Industrian Co ltd барои бунёди як корхонаи коркарди нафт бо иқтидори 200 ҳазор тонна ашёи хом дар наздикии марз бо Афғонистон мувофиқат кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи Каримзода, дар марҳилаи аввал дар ин тарҳ ҳудуди 500 ҳазор доллар сармоягузорӣ шуда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ пас аз таҳияи тарҳи техникӣ-иқтисодӣ маълум хоҳад шуд.
«Ин маблағи ниҳоӣ нест ва он метавонад то 3 миллион доллар афзоиш ёбад», - гуфт Каримзода ва афзуд, ки ин корхона ба эҳтимоли зиёд бо нафти Эрон кор хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар 162-километрии ҷануби Душанбе ҷойгир буда, бо ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Қундузи Афғонистон ҳамсарҳад аст.
Дар ҳудуди ин минтақаи озоди иқтисодӣ айни замон як корхонаи хурди коркарди нафти Русия фаъолият мекунад. Маҳсулоти корхона асосан бензини навъи АИ-82 буда, пурра ба Афғонистон содир мешавад. Дар даҳ моҳи соли 2024 ин корхона ҳудуди 2 ҳазор тонна ашёи хомро коркард кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон 13 корхонаи коркарди нафт бо иқтидорҳои гуногун сохта шудааст, вале ба далели камбуди ашёи хом аз ин миён танҳо шаштои он фаъол аст.
Аз ҷумла, бузургтарин корхонаи коркарди нафт дар Тоҷикистон “TK-oil” дорои иқтидори коркарди тақрибан 500 ҳазор тонна нафт дар як сол буда, бо сармоягузории ширкатҳои чинӣ сохта шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки ин корхонаро бо ҳамкории ширкати “Татнефт”-и Русия мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед