Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар ҷануби Тоҷикистон Маркази таҳсилоти иловагии "Россотрудничество" кушода шуд
Нашр шуд
Дар мактабҳои Тоҷикистон панҷумин Маркази таҳсилоти иловагии "Россотрудничество" ифтитоҳ ёфт.
Дар мактаби рақами 1-и ба номи Абулқосим Фирдавсии деҳаи Дӯстии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Маркази нави таҳсилоти иловагӣ, ки бо мебели замонавӣ, панели чандрасонаӣ бо дастрасӣ ба интернет ва китобхона муҷаҳҳаз гардидааст, ифтитоҳ шуд.
Дар ин бора намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ин муассисаи таълимӣ аз соли 1938 фаъолият дошта, дар деҳа дар соҳили Панҷи Поён дар марз бо Афғонистон воқеъ аст. Айни замон дар ин мактаб наздики 2000 хонанда ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таълим мегиранд.
Мактаббачагон дар маросими ифтитоҳи маркази нав бо қироати асарҳои классикони рус ба меҳмонон дониши аълои забони Пушкинро намоиш доданд.
Дар ин бора Андрей Патрушев, раиси намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон низ таъкид кард.
«Дар ин мактаб дар доираи барномаи таълимӣ ва инчунин дарсҳои иловагӣ ба забони русӣ гузаронида мешаванд. Дар навбати худ мо омода ҳастем, ки нотиқони касбиро аз соҳаҳои гуногун ҷалб намоем»,- гуфт Патрушев.
Бояд гуфт, ки муассисаи таълимии мазкур бо фаъолони намояндагии созмони умумирусиягии собиқадорони низомӣ ҳамкорӣ мекунад, ки онҳо мунтазам дар ин мактаб дарсҳои мардонагӣ ва ватандӯстӣ мегузаронанд.
Дарси аввалинро дар маркази нави таълими иловагӣ дар бораи корнамоии мардуми шуравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нотиқи Ҷамъияти умумирусиягии«Дониш» аз Екатеринбург Дмитрий Черноухов баргузор кард.
Қобили зикр аст, ки "Россотрудничество" нақша дорад дар умум дар саросари Тоҷикистон шаш маркази таълими иловагӣ ифтитоҳ кунад. То кунун панҷ чунин марказ дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва ноҳияҳои вилояти Суғд кушода шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед