Ru  | Tj
Дар “Ҳарбмайдон” размоиши муштараки Тоҷикистону Русияву Ӯзбекистон шурӯъ шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар “Ҳарбмайдон” размоиши муштараки Тоҷикистону Русияву Ӯзбекистон шурӯъ шудааст
Акс: ASIA-Plus

Дар “Ҳарбмайдон” размоиши муштараки Тоҷикистону Русияву Ӯзбекистон шурӯъ шудааст

Нашр шуд

Вазорати мудофиа аз оғози машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Русияву Ӯзбекистон дар тамрингоҳи ҳарбии «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон хабар дод.

Фаридун Мамадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба “Ховар” гуфтааст, ки ин машқҳо аз 1-уми август оғоз гардида, дар онҳо беш аз ду ҳазор низомии Қувваҳои Мусаллаҳи се кишвар иштирок менамоянд.

Вай ҳамчунин аз истифодаи 25 чархболи ҷангиву нақлиётӣ, ҳавопаймоҳои бомбаандозу қиркунанда, қариб 300 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ё воситаҳои гуногуни артиллерӣ, техникаҳои автомобилӣ ва силоҳу муҳимоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ хабар додааст.

Гуфта шудааст, ки машқҳои муштараки низомӣ то 10-уми август идома меёбанд.

Қаблан моҳи апрели имсол низ панҷоҳ ҳазор низомии Тоҷикистон ва Русия дар се пойгоҳи низомӣ дар ҷануби Тоҷикистон машқҳои низомии муштарак гузаронида буданд. Ин машқҳо дар тамрингоҳҳои Ҳарбмайдон, Самбули ва Момирак, ки аз 30 то 80 километр аз марзи Афғонистон фосила доранд, баргузор гардиданд.

Моҳи апрел Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу пас аз дидору гуфтушунид бо ҳамтои тоҷики худ Шералӣ Мирзо изҳор намуда буд, ки Русия ва Тоҷикистон Низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ таъсис медиҳанд.

Давоми чанд моҳи охир вазъият дар манотиқи бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон печида гардидааст. Толибон* (гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия)чандин вулусволии ҳаммарзи ин кишвар бо Тоҷикистонро зери итоати худ даровардаанд.

Намояндаи «Салиби Сурх» ба машқҳои СААД даъват шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед