Ru  | Tj
Дар Қазоқистон масъалаи масдуд кардани "TikTok" матраҳ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қазоқистон масъалаи масдуд кардани "TikTok" матраҳ шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Қазоқистон масъалаи масдуд кардани "TikTok" матраҳ шуд

Нашр шуд

Мақомоти Қазоқистон имкони масдуд кардани "TikTok"-ро баррасӣ мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо, дар байни дигар расонаҳои иҷтимоъӣ аз рӯйи теъдоди маводҳои мамнуъ пешсаф аст. "TikTok" чанде пеш дар Қирғизистон баста шуда, дар Узбекистон аз соли 2021 дастрас нест.

Вазорати фарҳанг ва иттилоъоти Қазоқистон имкони масдуд кардани пойгоҳи видеоии "TikTok"-ро баррасӣ мекунад. Дар ин бора Аида Балаева, раҳбари ин ниҳод эълон кард, хабар медиҳад  Zakon.kz.

“Мо ин масъаларо омӯхта истодаем. Ба назари ман, [масдуд кардан] лозим аст, ман ҳамчун вазир мегӯям, ки инро баррасӣ кардан лозим аст”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вазири фарҳанг ва иттилоъоти Қазоқистон, дар расонаҳои иҷтимоъӣ далелҳои паҳн кардани маводи мухаддир, маводи фаҳшо ва ифротгароӣ афзоиш ёфтааст.

Вай дар идома афзуд, ки "TikTok" дар байни дигар расонаҳои иҷтимоъӣ аз рӯйи теъдоди маводи мамануъ дар ин кишвар пешсаф аст. Ба гуфтаи вазир, тасмими ниҳоӣ дар бораи бастани "TikTok" дар ин кишвар дар робита ба сатҳи муҳтавои ғайриқонунӣ дар ин пойгоҳи видеоӣ бастагӣ хоҳад дошт.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҳафтаи гузашта дастрасӣ ба расонаи иҷтимоъии "TikTok" дар Қирғизистон масдуд шуд.

Аз сӯйи дигар "TikTok" аз соли 2021ба ин сӯ дар Узбекистон дастрас нест.

Гуфтанист, "TikTok" як пойгоҳи сохтан ва тамошои видеоҳои кӯтоҳ аст, ки ба ширкати "ByteDance"-и Пекин тааллуқ дорад. Дар худи Чин ин расонаи иҷтимоъӣ "Douyin" ном дорад ва тибқи маҳдудиятҳои сонсур дар Чин амал мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед