Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қазоқистон шаҳрванди Тоҷикистон бо беш аз 100 кг ҳероин боздошт шуд
Нашр шуд
Кормандони мақомоти интизомии Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон барои безарар гардонидани фаъолияти як гурӯҳи созмонёфтаи байнулмилалӣ, ки ба қочоқ ва фурӯши миқдори зиёди маводи мухаддир сару кор дошт, амалиёти махсус анҷом доданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД Қирғизистон.
Ба иттилои ин ниҳод, дар шаҳри Алмаато шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон К.О.А, ки ҳамчун созмондиҳандаи ин масири қочоқи маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад, боздошт гардид. Номбурда дар интиқол ва нигаҳдории беш аз 100 кг ҳероин, аз ҷумла дар қаламрави Қирғизистон муттаҳам аст.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки аъзои дигари эҳтимолии ин гурӯҳи муташаккили қочоқбарони маводи мухаддир ҳоло муайян карда мешаванд.
Ба иттилои ғайрирасмӣ, арзиши тахминии гурӯҳи маводи мухаддири мусодирашуда дар бозори сиёҳ 1 миллиону 190 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед