Ru  | Tj
Дар Қазоқистон собиқ вазири корҳои дохилӣ боздошт шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қазоқистон собиқ вазири корҳои дохилӣ боздошт шуд
Ерлан Тургумбоев, собиқ вазири корҳои дохилии Қазоқистон дар иртибот бо ошӯби оммаии моҳи январи соли 2022 боздошт шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод. Тургумбоев ба суистифода аз мансаб ва ваколати давлатӣ, ки боиси пайомадҳои вазнин шудааст (моддаи 362, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон), муттаҳам мешавад. Додситонии кулли Қазоқистон ҷузъиёти тафтишотро ифшо накарда, танҳо зикр кардааст, ки дар парванда маълумоте мавҷуд аст, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд. Эрлан Тургумбоев дар моҳи феврали соли 2019 вазири корҳои дохилии Қазоқистон буд ва пас аз нооромиҳои моҳи январи соли 2022 аз симаташ барканор шуд. Баъдан номбурда шаш моҳи дигар ба ҳайси мушовири раисҷумҳури Қазоқистон кор кард. Қобили зикр аст, ки яке аз муттаҳамон дар "парвандаи ҳаводиси моҳи январи соли 2022" собиқ сардори раёсати 5-уми Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Руслан Искаков қаблан гуфта буд, ки маҳз Тургумбоев ба раисҷумҳур дар мавриди ҳамлаи тақрибан 20 ҳазор ҷангҷӯ ба Олмотӣ маълумоти носаҳеҳ додааст. Вазири собиқи корҳои дохилӣ танҳо мансабдори қазоқ нест, ки пас аз нооромиҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон боздошт мешавад. Дар моҳи марти соли 2023 додгоҳ Мурат Бектанов, собиқ вазири дифоъи Қазоқистонро барои беамалӣ дар нооромиҳои соли 2022 ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамчунин моҳи апрели соли 2023 Карим Масимов, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз сӯйи додгоҳ бо иттиҳоми хиёнат ба давлат, талоши бо роҳи зӯрӣ ғасби қудрат ва суистифода аз мақом ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Хотиррасон мекунем, ки дар аввали моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ошӯби оммаӣ рух дод, ки ширкаткунандагони он ба пулис ва низомиён ҳамла карданд. Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон он замон аз кӯшиши табаддулот хабар дод ва барои кумак ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ муроҷиат кард. Ба дунболи ин то рӯзи 7-уми январи ҳамон сол вазъият дар Қазоқистон муътадил гардида, аз 19-уми январ дар тамоми қаламрави ин кишвар вазъияти фавқулода бекор карда шуд. Тибқи иттилоъи расмӣ, бар асари чанд рӯзи ошӯбҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон 238 кас кушта шуда, беш аз 4,5 ҳазор кас маҷруҳ шудаанд.

Дар Қазоқистон собиқ вазири корҳои дохилӣ боздошт шуд

Нашр шуд

Ерлан Тургумбоев, собиқ вазири корҳои дохилии Қазоқистон дар иртибот бо ошӯби оммаии моҳи январи соли 2022 боздошт шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод.

Тургумбоев ба суистифода аз мансаб ва ваколати давлатӣ, ки боиси пайомадҳои вазнин шудааст (моддаи 362, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон), муттаҳам мешавад. Додситонии кулли Қазоқистон ҷузъиёти тафтишотро ифшо накарда, танҳо зикр кардааст, ки дар парванда маълумоте мавҷуд аст, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд.

Эрлан Тургумбоев дар моҳи феврали соли 2019 вазири корҳои дохилии Қазоқистон буд ва пас аз нооромиҳои моҳи январи соли 2022 аз симаташ барканор шуд. Баъдан номбурда шаш моҳи дигар ба ҳайси мушовири раисҷумҳури Қазоқистон кор кард.

Қобили зикр аст, ки яке аз муттаҳамон дар "парвандаи ҳаводиси моҳи январи соли 2022" собиқ сардори раёсати 5-уми Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Руслан Искаков қаблан гуфта буд, ки маҳз Тургумбоев ба раисҷумҳур дар мавриди ҳамлаи тақрибан 20 ҳазор ҷангҷӯ ба Олмотӣ маълумоти носаҳеҳ додааст.

Вазири собиқи корҳои дохилӣ танҳо мансабдори қазоқ нест, ки пас аз нооромиҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон боздошт мешавад. Дар моҳи марти соли 2023 додгоҳ Мурат Бектанов, собиқ вазири дифоъи Қазоқистонро барои беамалӣ дар нооромиҳои соли 2022 ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳамчунин моҳи апрели соли 2023 Карим Масимов, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз сӯйи додгоҳ бо иттиҳоми хиёнат ба давлат, талоши бо роҳи зӯрӣ ғасби қудрат ва суистифода аз мақом ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

Хотиррасон мекунем, ки дар аввали моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ошӯби оммаӣ рух дод, ки ширкаткунандагони он ба пулис ва низомиён ҳамла карданд.

Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон он замон аз кӯшиши табаддулот хабар дод ва барои кумак ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ муроҷиат кард. Ба дунболи ин то рӯзи 7-уми январи ҳамон сол вазъият дар Қазоқистон муътадил гардида, аз 19-уми январ дар тамоми қаламрави ин кишвар вазъияти фавқулода бекор карда шуд.

Тибқи иттилоъи расмӣ, бар асари чанд рӯзи ошӯбҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон 238 кас кушта шуда, беш аз 4,5 ҳазор кас маҷруҳ шудаанд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед