Ru  | Tj
Дар Қазоқистон судури «Корти қазоқӣ» аз июли соли 2023 оғоз мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қазоқистон судури «Корти қазоқӣ» аз июли соли 2023 оғоз мешавад
Акс: Информбюро 31

Дар Қазоқистон судури «Корти қазоқӣ» аз июли соли 2023 оғоз мешавад

Нашр шуд

Аз моҳи июли соли 2023 дар Қазоқистон барои қазоқтаборон корти «Ата Жолӣ» («Роҳи ниёкон») барои вуруди осон ба ватани таърихии худ оғоз мешавад. Дар ин бора вебгоҳи расмии Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани санади нав «таҳкими робита бо ватани таърихӣ, ҳифзи суннатҳои миллӣ, ҷалби мутахассисон ва тоҷирони муваффақ ба ин кишвар барои амалӣ сохтани зарфиятҳои худ дар Қазоқистон» мебошад.

Корт ба қазоқтабороне, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, бидуни аз даст додани шаҳрвандии кишвари дигар дода мешавад. Дорандаи корти нав ҳангоми вуруд ба Қазоқистон иҷозатномаи иқомати 10-соларо  мегирад.

Зимнан, дар Қазоқистон инчунин мақоми «Кандас» вуҷуд дорад, ки ба қазоқҳои қавмӣ (оралманҳо), ки баъд аз соли 1991 бо мақсади зисти доимӣ ба ватани таърихии худ омадаанд, дода мешавад.

Дорандаи корти «Ата Жолӣ» аз «Кандас» бо он фарқ мекунад, ки аввалӣ тамоми ҳуқуқҳои «Кандас»-ро ба даст меорад ва шаҳрвандии хориҷии худро нигоҳ медорад. Инчунин соҳиби корт метавонад минтақаро барои кор ё тиҷорат интихоб кунад.

Тафовут байни молики «Ата Жолӣ» ва шаҳрванди Қазоқистон дар он аст, ки аввалӣ ҳуқуқи интихоб ва интихоб шудан ба мақомоти давлатӣ ва мақомоти худмудирияти маҳаллӣ, иштирок дар раъйпурсӣ ва дастрасӣ ба хидмати давлатиро надорад. Корти «Ата Жолӣ» агар соҳиби он шаҳрвандии Қазоқистонро дарёфт кунад, беэътибор дониста мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати кор ва сиёсати иҷтимоии Қазоқистон, аз аввали соли равон 8 ҳазору 34 нафар қазоқ ба ватани таърихии худ баргашта, мақоми «Кандас»-ро гирифтанд.

Дар маҷмӯъ аз соли 1991 ба ин сӯ 1 миллиону 115,1 ҳазор нафар қазоқтабор ба Қазоқистон баргаштанд. Зиёда аз 52%-и кандасҳое, ки аз аввали соли 2023 ба Қазоқистон омадаанд, аз Узбакистон, 20,1% аз Чин, 11% аз Русия, 6,4% аз Муғулистон, 4,9% аз Туркманистон ва 3,3% аз кишварҳои дигар мебошанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед