Ru  | Tj
Дар Қазоқистон тамрини нерӯҳои посдори сулҳи СПАД оғоз шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қазоқистон тамрини нерӯҳои посдори сулҳи СПАД оғоз шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Қазоқистон тамрини нерӯҳои посдори сулҳи СПАД оғоз шуд

Нашр шуд

Дар ин машқҳои СПАД воҳидҳои низомии Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доранд.

Марҳилаи фаъоли машқи нерӯҳои посдори сулҳи «Бародарии шикастнопазир-2024» дар Қазоқистон дар тамрингоҳи «Берег»-и вилояти Алмаато оғоз гардид, хабар медиҳад хабарнигори ТАСС.

Аз 1 то 5 октябр масъалаҳои омодагӣ ва баргузории амалиёти посдори сулҳ аз ҷониби Неруҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СПАД тамрин мешавад.
Дар тамринҳои ситоди фармондеҳӣ, неруҳои посдори сулҳ аз шумули воҳидҳои низомии Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.

"Вазъият дар ҷаҳон ноором боқӣ мемонад ва мо бояд ба чолишҳои мухталиф ва таҳдидҳое омода бошем, ки на танҳо барои кишварҳои мо, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ марбутанд", - гуфт дар маросими оғози тамринҳо Султон Камалетдинов, муовини якуми вазири дифои Қазоқистон.

Дар баробари ин Таалатбек Масадиқов, муовини дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ зимни суханронӣ гуфт, ки қаламрави Осиёи Марказӣ ба таври суннатӣ мавриди таваҷҷӯҳи бозингарони низомию сиёсии ҷаҳонӣ қарор дорад.

“Имкониятҳои бузурги логистикии минтақа дар якҷоягӣ бо захираҳои канданиҳои фоиданок барои рақобати доимии абарқудратҳо ва ноустувории сиёсӣ, аз ҷумла паҳншавии ифротгароӣ ва афзоиши таҳдиди террористӣ шароит фароҳам меоранд. Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД, ки ҷузъи ҷудонашавандаи неруҳои дастаҷамъӣ мебошанд, бояд барои анҷоми амалиёти сулҳҷӯёна тибқи қарорҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, чи дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон ва ҳам берун аз ҳудуди он, тибқи ваколати СММ ҳамеша омода бошанд”, - афзуд Масадиқов.

Ҳамзамон Ҳасан Калоев, муовини якуми сардори ситоди муштараки СПАД зикр кард, ки хусусияти ин машқҳо дар он аст, ки ба ҷуз аз ҷузъу томҳои низомии ин созмон, ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, полис, неруҳои дохилӣ ва гвардияи миллӣ, ниҳодҳои амниятӣ ва гурӯҳҳои имдодрасон барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни тамринҳо амалиёти посдори сулҳ баъд аз низоъ дар минтақаи бӯҳронӣ ва расонидани кумакҳои башардӯстона амалӣ мешавад.
 
Дар ин машқҳо дар маҷмӯъ беш аз 2000 нафар низомиён, 500 адад танку мошинҳои зиреҳпӯш, чархболҳои Ми-17, Ми-35, ҳавопаймоҳои Ил-76, Сӣ-295 ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷалб карда шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед