Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Қазон 16-умин нишасти БРИКС баргузор мешавад
Нашр шуд
Дар ин ҳамоиш ширкати 36 кишвар ва 6 созмони байналмилалӣ дар назар аст.
Нишасти 16-уми сарони кишварҳои БРИКС аз 22 то 24 октябр дар Қазон баргузор мешавад, ки дар он мавзуъҳои калидӣ, аз ҷумла густариши ин иттиҳодия, масоили молӣ, фанноварӣ ва тиҷорат баррасӣ хоҳанд шуд. Аъзои аслии БРИКС Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ буда, дар солҳои ахир кишварҳое назири Миср, Эфиопия, Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Араб ба ин созмон пайвастаанд.
Яке аз мавзуъҳои аслии нишаст масъалаи тавсеаи БРИКС хоҳад буд. Моҳи сентябри соли ҷорӣ раисҷумҳури Русия, Владимир Путин гуфт, ки 34 кишвар хоҳиши пайвастан ба БРИКС-ро изҳор кардаанд.
Бо илова шудани чаҳор кишвари нав дар соли 2024, шумораи умумии аъзои БРИКС ба 9 мерасад, ки мавқеи ин иттиҳодро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкамтар мекунад.
Тибқи маълумоти Сандуқи байнулмилали пул, бузургтарин иқтисоди иттиҳодия Чин бо ММД дар ҳаҷми 18,5 триллион доллар аст. Дар ҷои дуюм Ҳиндустон (4,1 триллион доллар), Бразилия (2,2 триллион доллар), Русия (1,9 триллион доллар) ва Африқои Ҷанубӣ (373 миллиард доллар) қарор доранд.
Гурӯҳи БРИКС, ки соли 2006 таъсис ёфтааст, айни замон Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ, Миср, Эрон, АМА, Арабистони Саудӣ ва Эфиопияро дар бар мегирад. Дар оянда шояд кишварҳои дигар, аз қабили Сурия, Таиланд, Малайзия, Озарбойҷон ва Туркия ба ин иттиҳодия шомил шаванд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед