Ru  | Tj
Дар Бишкек масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Бишкек масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид
Акс: Интернет

Дар Бишкек масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид

Нашр шуд

Дирӯз дар Бишкек масоили мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар заминаҳои мухталифро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, рӯзи 2-юми март дар шаҳри Бишкек Cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Нуран Ниёзалиев мулоқот кард. 

Гуфта мешавад, дар ин дидор тарафҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо тамаркуз ба густариши пайдарпайи он муҳокима намуданд.

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин дар ин гуфтугӯ Ализода ва Ниёзалиев ба аҳаммияти нақши ҳамоҳангсози мақомоти корҳои хориҷӣ дар самти мувофиқасозии чорабиниҳо байни вазорату идораҳои ду кишвар дар соли 2022  таъкид намудаанд. 

Бояд гуфт, ки муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи баҳсҳои марзии бардавом дар ду соли охир бисёр сард шудааст. Ҳарчанд тарафҳо чандин бор сари ин масъала ба тавофуқ расидаанд, аммо ҳар боре ҷониби Қирғизистон пой рӯи ин тавофуқот мегузорад.

Қаблан Девони вазирони Қирғизистон фармоишеро ба судур расонда буд, ки тибқи он вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ё сафари онҳо ба дигар кишварҳо тавассути қаламрави Қирғизистон манъ мебошад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам як моҳе пеш бо нашри муроҷиатномае аз шаҳрвандони кишвар, ки дар Қирғизистон таҳсил ва ё кор мекунанд, бо исрор хоста буд, ки аз сафар ба ин мамлакат худдорӣ намоянд.

Вазорат гуфта буд, ки ҳини таҳсил ё кор дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон ҳолатҳои муносибати ғаразнок нисбат ба тоҷикон ба мушоҳида мерасад.



Намояндаи Маскав: Тоҷикистон самти муҳимми рушди иқтисоди байналмилалии Русия аст



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед