Ru  | Tj
Дар Бухоро 6 феврал мурофиаи додгоҳии боз 39 нафар дар робита ба ҳаводиси Нуқус оғоз мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Бухоро 6 феврал мурофиаи додгоҳии боз 39 нафар дар робита ба ҳаводиси Нуқус оғоз мешавад
Акс: yuz.uz

Дар Бухоро 6 феврал мурофиаи додгоҳии боз 39 нафар дар робита ба ҳаводиси Нуқус оғоз мешавад

Нашр шуд

Додгоҳи олии Ӯзбекистон иттилоъ додааст, ки рӯзи 6-уми феврал дар додгоҳи вилоятии Бухоро мурофиаи парвандаи ҷиноӣ дар робита ба бетартибиҳои оммавии рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 дар Қароқалпоқистон, як ҷумҳурии мухтор дар ҳудуди Ӯзбекистон алайҳи 39 нафар муттаҳам оғоз мешавад.

Тибқи айбномаи мақомоти тафтишотии пешакӣ, онҳо ба содир намудани ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ғоратгарӣ, бетартибӣ, таҳия ва маводи дорои таҳдид ба амнияти ҷамъиятӣ, инчунин ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда айбдор карда мешаванд.

Тибқи иттилои Додгоҳи олии Ӯзбекистон, мурофиаи додгоҳӣ кушода буда, барои намояндагони расонаҳо тамошои мустақими маҷлисҳои додгоҳ тавассути видеоконфронс шароит фароҳам оварда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки додгоҳ рӯзи 31-уми январ ҳукми аввалини парвандаи муттаҳамони рӯйдодҳои тобистони соли гузашта дар Нуқусро эълон кард. Додгоҳи вилояти Бухоро 18 ширкатдори ҳодисаҳои Нуқусро ба муҳлатҳои аз 3 то 16 соли зиндон ва чаҳор муттаҳамро ба маҳдуд кардани озодӣ то 5 сол маҳкум кард.

Ин афрод бар асоси 11 моддаи Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон, аз ҷумла таҷовуз ба сохти конститутсионӣ, бетартибиҳо, ғоратгарӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон айбдор карда шуданд. Муҷозоти ин моддаҳо то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аксари айбдоршавандагон ба гуноҳи худ иқрор шуданд.

Бояд гуфт, ки қаблан Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки 171 нафар ба иттиҳоми ширкат ва ташкили ошӯбҳои оммавӣ дар Қарақалпоқистон муттаҳам мешаванд.

Тибқи иттилои мақомоти Ӯзбекистон, дар натиҷаи ошӯби рӯзҳои 1-2 июли соли 2022 дар шаҳри Нукус – маркази Ҷумҳурии Мухтори Қарақалпоқистон 21 нафар кушта ва беш аз 270 нафар захмӣ шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед