Ru  | Tj
Дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба ҷудо варзишгарони тоҷик соҳиби 8 медал гаштанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба ҷудо варзишгарони тоҷик соҳиби 8 медал гаштанд
Акс: ASIA-Plus

Дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба ҷудо варзишгарони тоҷик соҳиби 8 медал гаштанд

Нашр шуд

Шодмон Ризоев ба Тоҷикистон медали тилло овард.

Ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дастаи ҷудои кишвар дар Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон сазовори 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардид.

Ба таъкиди манбаъ медали тиллоро  Шодмон Ризоев дар вазни - 81кг ба даст овардааст. 

Гуфта мешавад, ки Ризоев дар финал  намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадҷон Абдуҷалиловро мағлуб кардааст.

Зикр мегардад, ки медалҳои биринҷиро ба Тоҷикистон Абӯбакр Шеров (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73кг) ва Давлатҷон Назриев (+100кг) овардаанд.

Ҳамчунин, аз байни варзишгарони навраси тоҷик Суруш Эркаев (-60кг) ва Муҳамад Юсуфзода (-66кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шудаанд.

Миёни наврасон медали нуқраро варзишгари тоҷик Парвиз Абдураҳмонов (+90кг) соҳиб гаштааст.

Хотиррасон менамоем, ки Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба ҷудо миёни наврасон рӯзҳои 2-3 декабри соли 2021 ва миёни ҷавонон 4-5-уми декабри соли 2021 дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор гардид.

Дар чемпионати мазкур дар маҷмӯъ 127 варзишгар (82 мард, 45 зан) аз 17 давлати дунё иштирок намуданд.

Шодмон Ризоев ду сол қабл дар Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни ҷавонон, ки дар Тайпейи Чин сурат гирифта буд, дар вазни - 66кг медали нуқраро ба даст овада  буд.


Чемпионати дучархаронии “Осиё – 2022” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед