Ru  | Tj
Дар Чин кишварҳои ҳамсоя вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Чин кишварҳои ҳамсоя вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд
Акс: Sputnik

Дар Чин кишварҳои ҳамсоя вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд

Нашр шуд

Ҳайати Тоҷикистон дар  нишасти сеюми вазирони хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки дар Чин баргузор мешавад, ширкат менамояд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, пагоҳ дар Чин сеюмин нишасти вазирони хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад ва дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири адлияи кишвар Музаффар Ашӯриён иштирок мекунад.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст намояндгони Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ дар самти башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодӣ, кӯмак ба Афғонистон, инчунин ҳамоҳангсозии равишҳо дар муқобила бо таҳдидҳои паҳншавии терроризм ва қочоқи маводи мухаддирро, ки аз Афғонистон бармеоянд, муҳокима хоҳанд кард.

Нишасти қаблии вазирони хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон моҳи октябри соли гузашта дар Теҳрон баргузор шуда буд.

Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ки хостори таъсиси як ҳукумати ҳамашумул дар ин кишвар аст.


Бародари Ашраф Ғанӣ: “Карзай ҳукуматро ба Толибон фурӯхт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед