Ru  | Tj
Дар чор минтақаи Узбекистон фурӯши гази табиъӣ маҳдуд шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар чор минтақаи Узбекистон фурӯши гази табиъӣ маҳдуд шуд
Акс: «Газета.uz»

Дар чор минтақаи Узбекистон фурӯши гази табиъӣ маҳдуд шуд

Нашр шуд

Дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон аз рӯзи 8-уми декабр ба далели сардии ҳаво ба соатҳои кори нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ маҳдудият ҷорӣ карда шуд. Ин чаҳорумин минтақаи Узбекистон аст, ки дар он фурӯши гази табиъӣ бо ҷадвали маҳдуд интиқол дода мешавад. Дар ин бора пойгоҳи иттилоъотии gazeta.uz бо такя ба сухангӯйи ҳукумати вилояти Қашқадарё иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки фурӯши гази табиъӣ барои худравҳо тибқи реҷаи махсус аз соати 06:00 то 15:00 сурат мегирад. Далели ин тасмим таъмини биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои тавлиди барқ ва иншооти иҷтимоъӣ бо гази табиъӣ  дар шароити сардии шадиди ҳаво дониста шудааст.

Бояд гуфт, ки ин чорумин минтақаи Узбекистон аст, ки расман маҳдудият дар фаъолияти нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро эълон кард. Қаблан маҳдудиятҳои мушобеҳ дар вилоятҳои Андиҷон, Сурхондарё ва Қарақалпоқистон ҷорӣ шуда буд.

Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, вазири энержии Узбекистон қаблан ба вакилони порлумон  дар мавриди роҳкорҳои ҷилавгирӣ аз буҳрони энержӣ дар зимистони имсол ва манбаъҳои ҷуброни камбуди эҳтимолии газу барқ гузориш дода буд.

Ба гуфтаи вай, дар зимистони соли гузашта норасоии газ дар Узбекистон дар як шабонарӯз ба 21,6 милён метри мукааб газ расид.

Вай афзуд, дар назар аст, ки имсол норасоии газ аз махзанҳои нигоҳдории газ, ки зарфияти онҳо аз 18-20 милён то 35-40 милён метри мукааб зиёд шудааст, пӯшонида шавад.

Ҳамчунин дар сурати зарурат таъминоти газ барои баъзе марказҳои фурӯши газ 30% кам карда мешавад, яъне агар қаблан онҳо дар як шабонарӯз 15 милён метри мукааб мегирифтанд, ин ҳаҷм то ба 5 милён метри мукааб коҳиш дода мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки аз рӯзи 7-уми октябри соли ҷорӣ Узбекистон воридоти газ табиъӣ аз Русияро дар ҳаҷми 9 милён метри мукааб дар шабонарӯз оғоз кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед