Ru  | Tj
Дар Данғара Форуми рушди ҳамкориҳои Хатлону Сурхондарë баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Данғара Форуми рушди ҳамкориҳои Хатлону Сурхондарë баргузор мешавад
Акс: Янги Ӯзбекистон

Дар Данғара Форуми рушди ҳамкориҳои Хатлону Сурхондарë баргузор мешавад

Нашр шуд

Як ҳайати намояндагони вилояти Сурхондарëи Ӯзбекистон бо роҳбарии Раиси ин устони ҳамсоякишвар ба вилояти Хатлон омад.

Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст, ки имрӯз ба манзури тақвият бахшидан ба равобити гуногунҷанбаи судманд ҳайати вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Раиси ин вилоят Тӯра Боболов вориди вилояти Хатлон  шудааст.

Гуфта мешавад, ин ҳайат давоми ду рӯзи оянда аз корхонаҳои саноатии вилоят, гармхонаҳои замонавӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ боздид ба амал меорад.

Ҳамчунин, пагоҳ дар Данғара Ҳамоиши рушди ҳамкории вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ӯзбекистон баргузор мегардад, ки дар он имконоти сармоягузорӣ ва иқтидори содиротии ин минтақаҳо муаррифӣ карда мешаванд.

Соли гузашта  ҳайати вилояти Хатлон низ таҳти роҳбарии Қурбон Ҳакимзода ба Сурхондарё сафар карда, бо натиҷаҳои рушди саноати муосир, дастгирии тиҷорати хусусӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ дар ин  минтақа шинос шуда буд.

Қаблан Halva.tj иттилоъ дода буд, ки Раиси вилояти Омски Русия низ ба  наздикӣ дар раъси ҳайати соҳибкорон ва роҳбарони ниҳодҳои масъули ин вилоят ба Хатлон меояд ва бо имконоти рушди ҳамкориҳо ошно мегардад.


Суғд ва Фарғона: байни минтақаҳои сарҳадӣ меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед