Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар деҳаи Понғоз тариқи ҳашар бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ месозанд
Нашр шуд
Сокинони деҳоти Понғози ноҳияи Ашт тариқи ҳашар дар маркази ин деҳа бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ бунёд мекунанд.
Ба иттилои Хадамоти маркази матбуоти Раиси ноҳияи Ашт, Шуҳрат Муҳаммадзода, Раиси ин ноҳия аз маркази ҷамоати деҳоти мазкур дидан намуда, дар маҳали бунëди бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо сокинон дидору мулоқот анҷом додааст.
Манбаъ афзудааст, ки бунёди бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз саривақтӣ мебошад.
Ҷамоати деҳоти Понғоз бо беш аз 32 ҳазор аҳолӣ аз бузургтарин деҳоти Тоҷикистон ба шумор меравад.
Қаблан борҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ободиву пешрафти Понғоз ситоиш карда буд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед