Ru  | Tj
Дар Деваштич ният доранд, мактаберо ба номи Дамирбек Олимов гузоранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Деваштич ният доранд, мактаберо ба номи Дамирбек Олимов гузоранд
Акс: Kliker

Дар Деваштич ният доранд, мактаберо ба номи Дамирбек Олимов гузоранд

Нашр шуд

Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич масъалаи ба номи Дамирбек Олимов гузоштани Мактаби санъати бачагонаи шаҳраки Ғончии ин ноҳияро баррасӣ менамояд.

Ба гузориши Sputnik, вакилони шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич пешниҳод кардаанд, ки Мактаби санъати бачагонаи шаҳраки Ғончӣ ба номи овозхони ҷавонмарг Дамирбек Олимов гузошта шавад.

Манбаъ меафзояд, ин пешниҳод барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Деваштич ирсол гардидааст ва он ҷо мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дамирбек Олимов, овозхони 33-солаи тоҷик моҳи феврали имсол дар як ҳодисаи нақлиётӣ аз дунë гузашта буд. Вай аз маъруфтарин хонандаҳои таронаҳои эстрадӣ ва шашмақом дониста мешуд.

Дамирбек дар дастаи шашмақомхонии "Нури Хуҷанд" бо роҳбарии Ҷӯрабек Муродов  ва ҳамчунин дар гурӯҳи созу овози "Садои Суғд" фаъолият мекард. Аз Дамирбек се фарзанд ба нишон мондааст.


Коргоҳи истеҳсоли дорувории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рӯзҳои наздик ба кор медарояд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед