Ru  | Tj
Дар Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа толоре ба номи Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа толоре ба номи Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт
Акс: АМИТ "Ховар"

Дар Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа толоре ба номи Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт

Нашр шуд

4-уми марти соли 2022 дар Ҷумҳурии Бошқирдистон Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия баргузор гардидааст.

Тавре АМИТ "Ховар" иттилоъ медиҳад, дар ҳошияи ин конфронс дар Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа (ДДНТУ) маросими кушодашавии толори Тоҷикистон ба номи Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайвастааст.

Таъкид мегардад, ки дар маросими кушодашавии толор Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ширкат доштааст.

Қайд мегардад, ки толори Тоҷикистон дар ДДНТУ бо кошинкории рангоранги сақф, навиштаҷоти мавзӯӣ ороиш дода шуда, бозгӯи анъана ва таърихи пурғановати ҷумҳурӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки 3-юми марти соли 2022 зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон Радий Хабиров ва Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Тимур Ҳакимов

вазъи феълӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон ба баррасӣ кашида шуда, масъалаи афзоиш додани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ба миён гузошта шуда буд.


Тоҷикистон дар конфронси иқлим иштирок мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед