Ru  | Tj
Дар Донишгоҳи техникӣ озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии Cazeri Lab таъсис дода шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Донишгоҳи техникӣ озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии Cazeri Lab таъсис дода шуд
Акс: Интернет

Дар Донишгоҳи техникӣ озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии Cazeri Lab таъсис дода шуд

Нашр шуд

Озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии Исмоил ал-Ҷазарӣ дар доираи қарордод оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия, сарраёсати Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) таъсис ёфтааст.

Тавре АМИТ "Ховар" хабар медиҳад, озмоишгоҳи лоиҳакашӣ -истеҳсолии Ал-Ҷазарӣ аз маҷмӯи дастгоҳ ва таҷҳизоти рақамӣ иборат буда, барои тарҳрезӣ ва омода намудани робот, мехатроника (дигар таҷҳизоти худидорашаванда) пешбинӣ шудааст. 

Гуфта мешавад, ки озмоишгоҳи мазкур дорои 60 номгӯйи дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир буда, дар он имконият барои амалӣ намудани раванди технологии истеҳсол, тарҳрезӣ ва эҷоди маҳсулоти комил фароҳам оварда шудааст.

Таъкид гардидааст, таъсиси озмоишгоҳ имкон фароҳам овардааст, ки  дар кишвар омӯзиши пурраи технологияҳои 3D-нашр дастрас гардад.


Фариштаю Мафтуна беҳтаринҳои қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба фтузал миёни бонувон гардиданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед