Ru  | Tj
Дар Дубай ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон оғоз шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Дубай ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон оғоз шуд
Акс: ASIA-Plus

Дар Дубай ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон оғоз шуд

Нашр шуд

Ба павилиони Тоҷикистон дар "ЭКСПО-2020" беш аз 350 ҳазор  меҳмон аз мамолики мухталифи ҷаҳон ташриф овардаанд.

Тавре Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Намоишгоҳи байналмилалии “ЭКСПО-2020”, ки дар шаҳри Дубайи АМА ҷараён дорад, ҳафтаи сайёҳии кишвари мо аз 9-уми январи соли 2022 оғоз шуда, то 22-юми январи ҳамин сол идома хоҳад кард.

Таъкид мегардад, ки  Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА ва Палатаи савдо ва саноат рӯзи 16-уми ноябр дар шаҳри Дубай Форуми сайёҳиро зери унвони “Эко – сайёҳӣ дар Тоҷикистон” баргузор намудааст.

Гуфта мешавад, ки зимни суханронӣ дар Форум муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло ва Сафири Тоҷикистон дар АМА Баҳодур Шарифӣ ба иштирокдорони ҳамоиш оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, алалхусус чашмаҳои шифобахши кишвар маълумоти пурра пешниҳод намудаанд.

Ҳамчунин, намояндагони Тоҷикистон дар чорабинии мазкур аз ҷорӣ гардидани низоми бераводид бо 52 давлати дунё хотиррасон шуда, ширкаткунандагони ҳамоишро ҷиҳати истироҳату табобат гирифтан ба Тоҷикистон даъват намудаанд.

Дар Форум ба ҷуз аз намояндагони расмии ду ҷониб, инчунин доираҳои сайёҳии Тоҷикистону АМА ширкат варзидаанд.

Ёдрас менамоем, ки Намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ ё Expo (ЭКСПО) як намоишгоҳи байнулмилалӣ буда, рамзи индустриализатсия ва майдони кушод барои намоиши дастовардҳои техникӣ ва технологӣ маҳсуб меёбад.

Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ- "ЭКСПО-2019" дар Ҷумҳурии халқии Чин дар шаҳри Пекин баргузор гардида буд, ки ба он 110 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ташриф оварда буданд.


Дар Суғд оилаи беҳтарин соҳиби диплом ва мукофоти пулӣ гардид




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед