Ru  | Tj
Дар Дубай футболбозони ҷавони тоҷик бозӣ бо тими Ветнамро мусовӣ анҷом доданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Дубай футболбозони ҷавони тоҷик бозӣ бо тими Ветнамро мусовӣ анҷом доданд
Акс: ФФТ

Дар Дубай футболбозони ҷавони тоҷик бозӣ бо тими Ветнамро мусовӣ анҷом доданд

Нашр шуд

Тими мунтахаби футболи ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бозии рафиқонаи худ бо дастаи Ветнамро ба ҳисоби мусовӣ анҷом дод.

Ба пояи иттилои Федератсияи футбол, тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар чаҳорчӯби омодагиҳо ба даври интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастаи Ветнам бозии рафиқона баргузор намуд.

Манбаъ меафзояд, ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расида, ягона голи тими мунтахаби Тоҷикистонро ҳамлагари “Истиқлол”-и Душанбе Рустам Соиров ба самар расонид.

Даври интихобии Ҷоми Осиё -2022 миёни ҷавонони то 23-сола аз 22-юм то 31-уми октябр дар Душанбе баргузор мешавад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи “В” бо тимҳои мунтахаби Лубнон, Непал ва Эрон вориди сабқат мешаванд.

Мусовии ҷавонони футболбози тоҷик дар ҳолест, ки моҳи гузашта мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни занҳо аз дастаи Ветнам бо ҳисоби ҳафт бар сифр шикаст хӯрда, аз идомаи ширкат дар ин мусобиқа маҳрум гардида буд.




Як паҳлавони ӯзбек, се паҳлавони тоҷик. Ғолибони Ҷоми Президент-2021 муайян шуданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед